Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев боз ҷӯёи курсии президентӣ мешавад


Як мушовири раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, ки Нурсултон Назарбоев ният дорад соли 2012 дубора барои ҳифзи курсии президентӣ талош кунад. Дар сӯҳбат бо Ройтерс Ёрмуҳаммад Ертишбоев гуфт, “ман бовар дорам, ки ӯ нияти канор рафтанро надорад, ҳадди аққал то соли 2020. Дар интихоботи соли 2012 ӯ барои худ ҳеҷ рақиб ва ҳеҷ хатаре ба низомаш намебинад”.
Назарбоев раҳбарии ин ҷумҳурии ғанӣ аз нафти Осиёи Марказиро аз соли 1991 ба ин сӯ ба дӯш дорад. Қабл аз ин вай раиси кумитаи марказии ҳизбии Қазоқистон будааст. Мӯҳлати кунунии раёсатҷумҳурии вай соли 2012 хотима хоҳад ёфт, аммо соли 2007 парлумони ин кишвар тасмим гирифт, ки вай, ба ҳайси аввалин раҳбари давлат, ҳар қадар хоҳад, сари қудрат боқӣ хоҳад монд. Инчунин парлумон ба Назарбоев мақоми “раҳбари миллат”-ро дода масунияти ӯро аз ҷавобгарии ҷиноиву пайгарди қонунӣ таъмин кард. Мушовири ӯ Ёрмуҳаммад Ертишбоев дар сӯҳбат бо нашрияи маҳаллии “Свобода слова” имрӯз гуфт, ки Назарбоеви 70-сола тасмими худро моҳи ҷорӣ эълон кардааст. Ертишбоев инчунин ин ҳадсу гумонзаниҳоро рад кард, ки гӯё мақомоти Қазоқикистон ният доранд соли 2012 бар ивази интихоботи президентӣ раъйпурсӣ доир кунанд.
XS
SM
MD
LG