Пайвандҳои дастрасӣ

Намоиши зиддиамрикоӣ дар Кобул пароканда карда шуд


Дар шаҳри Кобул ҳангоми парокандасозии намоиши зиддиамрикоӣ тақрибан даҳ нафар – эътирозгарон ва кормандони полис ҷароҳат бардоштанд. Имрӯз садҳо нафар бо шиорҳои зиддиамрикоӣ дар маркази пойтахти Афғонистон ҷамъ омадаанд ва сипас сӯи кормандони полис санг андохта талош намуданд, ки роҳ дар маркази шаҳрро бубанданд.
Охирҳои ҳафтаи гузашта дар Афғонистон чанд намоиши эътирозӣ алайҳи иқдоми роҳиби як калисои Флорида барои оташ задани Қуръони маҷид баргузор шуд. Бар асари бархӯрди эътирозгарон бо нерӯҳои амниятӣ се нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG