Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф талоши бозгашт ба сиёсатро дорад


Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, изҳор намуд, ки аз моҳи оянда ҳизби нави сиёсияш ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Мушарраф ду сол пеш баъд аз эътирозҳои оммавӣ аз мақомаш истеъфо дод ва Покистонро тарк намуд. Ба гуфтаи сарвари собиқи Покистон, ки айни ҳол дар Лондон ба сар мебарад, ҳизби нав “Лигаи мусалмонҳои кулли Покистон” номгузорӣ шудааст.
Айни ҳол маълум нест, ки Парвиз Мушарраф ба ҳизби нав аз Лондон раҳбарӣ хоҳад кард ваё ба Покистон бармегардад. Дар сурати бозгашт ба Покистон ӯ барои ташкили кудатои низомӣ дар моҳи октябри соли 1999 мавриди пайгарди қонун қарор хоҳад гирифт. Бар асари он кудатои бидуни хунрезӣ Мушарраф сари қудрат омад ва тайи нӯҳ сол раҳбарии Покистонро бар ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG