Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни асосии Туркия тағйир хоҳад хӯрд?


Дар Туркия раъйпурсӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии кишвар мегузарад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, сарвазири Туркия, дар арафаи раъйпурсӣ изҳор намуд, ки тайғирот Қонуни асосиро бештар демократӣ ва ба меъёрҳои Иттиҳодияи Аврупо мутобиқ месозад. Гуфта мешавад, яке аз ин тағйирот, ки аз сӯи Ҳизби ҳукмрони адолат ва тавсеъа пешниҳод шудааст, ба тарзи интихоби қозиҳои додгоҳ марбут аст. Мухолифин мегӯянд, ки дар сурати пазируфта шудани ин тағйир сохтори додгоҳии кишвар таҳти таъсири ҳукумат қарор хоҳад гирифт. Дар Қонуни асосӣ шадидтар шудани пойбандии низомиён аз додгоҳҳои мулкӣ ҳам пешбинӣ шудааст.
Бар пояи назарпурсиҳои ахир, аз 52 то 57 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG