Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими ғайриинтизори Ҷумҳурии Белорус


Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус мегӯяд, омода аст, коршиносони байналмилалиро барои таҳқиқи марги Олег Бябенин, хабарнигори шинохтаи мухолифи ҳукумат, даъват кунад. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, вазорати умури хориҷа тасмим гирифтааст, то ду нафар аз коршиносони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро барои ошноӣ бо парвандаи марги Олег Бябенин ба Минск даъват кунад. Ин хабарнигорро рӯзи сеюми сентябр дар хонааш овехта пайдо кардаанд ва додситонӣ гуфт, Олег Бябенин худкушӣ кардааст. Аммо ҳамкоронаш ва гурӯҳҳои мухолифи Белорус ба ин гуфтаҳо бовар надоранд. Олег Бябенин, муассиси торнамои хабарие буд, ки пайваста ҳукумати Белорусро интиқод мекард.
XS
SM
MD
LG