Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш ҷангҷӯи дигарро дар Покистон куштанд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар ҳамлаи як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико, ба як маҳалли қабоилинишини Покистон шаш ҷангҷӯ кушта шудааст. Дар 24 соати гузашта, ин чаҳорумин чунин ҳамла ба манотиқи қабоилнишини Покистон аст. Ҳамлаи ахир ба қароргоҳи ҷангҷӯён дар ҳошияи шаҳри Мироншоҳ, шаҳри аслии Вазиристони Шимолӣ сурат гирифтааст. Пештар аз ин бар асари таркиши бомби канори роҳ дар ноҳияи Хуррам воқеъ дар марзи Афғонистон дасти кам 9 нафар ҷон доданд.
XS
SM
MD
LG