Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли як мақоми маҳаллӣ дар вилояти Бағлон


Чирикиҳои эҳтимолан толиб дар як шабехун волии яке аз улусволиҳо дар шимоли Афғонистонро қатл кардаанд. Аҳмад Сурур, волии улусволии Наҳрини вилояти Бағлон ва ронандаи ӯ зимни як сафар ҳадафи ҳамлаи чирикиҳо қарор гирифтанд.
Сухангӯи Толибон гуфт, ки ин гурӯҳ масъулияти қатли ин мақомро бар дӯш мегирад. Толибон дар ҷануб ва шарқи Афғонистон фаъол буда, ахиран фаъолиятҳои худро ба манотиқи қатлан ороми шимолу ғарби кишвар густариш доданд.
XS
SM
MD
LG