Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Ширин Ибодӣ аз Исои Саҳархез


Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодӣ дар номае ба кумиссари ҳуқуқи башари СММ Навӣ Пиллай хостори расидагии СММ ба парвандаи хабарнигори эронӣ Исо Саҳархез шудааст.
Хонум Ибодӣ гуфт, азбаскӣ дар Эрон ба шикоёти Исо Саҳархез расидагӣ накарданд, ин хабарнигор тавассути номае аз зиндони Эвин аз Ибодӣ хоста, ки қазияи ӯро ба самъи СММ бирасонад. Саҳархез дар ҷараёни ошӯбҳои пасоинтихоботии соли гузаштаи Эрон боздошт шуда буд, вале қувваи қазоия то кунун ҳукми ӯро содир накардааст.
XS
SM
MD
LG