Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати волии улусволии Лаълпур дар Нангарҳор


Таркиши бомб дар шарқи Афғонистон мунҷар ба ҳалокати волии яке аз улусволиҳои вилояти Нангарҳор ва ҷароҳат бардоштани дастикам 3 тани дигар шуд. Мақомот мегӯянд, бомби насбшуда дар мошини Саидмуҳаммад Паҳлавон вақте таркид, ки ба хотири ширкат дар як ҷаласаи мақомоти вилоят вориди қароргоҳи волии Нангарҳор дар маркази вилоят, шаҳри Ҷалолобод мешуд. Мақомот мегӯянд, зоҳиран ин бомбро чирикиҳо махсус гузоштаанд, ки дар соати ҷаласа битаркад.
Масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд.
Паҳлавон раҳбари улусволии кӯҳистонии Лаълпур буд, ки бо Покистон ҳаммарз аст.
XS
SM
MD
LG