Пайвандҳои дастрасӣ

Керрӣ: Барои барҳам додани ширкатҳои шахсӣ 4 моҳ кофӣ нест


Ҷон Керрӣ, сенатори амрикоӣ, имрӯз гуфт, ки ИМА аз талошҳои раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои ҷилавгирӣ аз аъмоли ғайриқонунии ширкатҳои шахсии амниятӣ ҷонибдорӣ мекунад. Ва аммо ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Афғонистони Озод мӯҳлати барои барҳам додани ин ширкатҳо муқарраркардаи Карзайро зери суол бурд. Раисиҷумҳури Афғонистон ду рӯзи пеш амре содир кард, ки тибқи он, тайи чаҳор моҳи оянда бояд ҳама ширкатҳои шахсии амниятӣ дар кишвар барҳам дода шаванд.
Ҷон Керрӣ, раиси Комиссиюни Сенат оид ба масоили хориҷӣ афзуд, ҳукумати Афғонистон ва НАТО бояд барои он ҳамкорӣ кунанд, ки амри Карзай дар ҷанг бо “Толибон” ва “Ал-Қоида” монеъа эҷод накунад. Паймони НАТО аз ширкатҳои шахсии амниятӣ барои ҳимояи корвонҳо ва ҳифзи пойгоҳҳои низомӣ истифода мекунанд.
Ба иттилоъи ҳукумати Афғонистон, ба беш аз 40 ширкати шахсии амниятӣ тақрибан 40 ҳазор нафар шомиланд, ки нисфи онҳо шаҳрвандони Афғонистонанд.
XS
SM
MD
LG