Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори сенатори аршади Амрико ба Ҳомид Карзай


Сенатори саршиноси Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Каррӣ ба президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфтааст, талошҳои ҳукумати ӯ дар муборизаи бо фасод аҳамияти ҳалкунанда доранд. Баъд аз мулоқот бо Карзай дар Кобул, Каррӣ ҳушдор дод, ки "президент Карзай ва ҳукумати ӯ фикр накунанд, ки пуштибонӣ аз онҳо бидуни сатҳи олии мудирият беохир идома хоҳад кард. Изҳороти раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз пеш мушовири аршади Карзай, Муҳаммадзиё Солеҳӣ бо иттиҳоми ришват боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG