Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои сенатори собиқ ва раиси пешини НАСА


Хабаргузориҳо аз суқути ҳавопаймое дар Аляскаи Иёлоти Муттаҳида хабар медиҳанд ва гуфта мешавад, ки собиқ сенатори Амрико, Тед Стивенс ва раиси пешини НАСА, оҷонси кайҳоннавардии Амрико, Шон Окиф дар миёни сарнишинони он будаанд. Дар бораи зинда будани онҳо хабар нарасидааст вале гуфта мешавад бархе аз сарнишинони ҳавопаймо зинда мондаанд. Окиф солҳои охир намояндаи ширкати аврупоии "ИЭйДиЭс" буд ва ин ширкат дар байни сарнишинони ҳавопаймо будани ӯро тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG