Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хези қимати маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон


Афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ болоравии қимати хӯроквории воридотӣ дар бозорҳои Тоҷикистонро дар пай овард. Елена Раҳимова, намояндаи Хадамоти сиёсати зидди инҳисории Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия Плюс” гуфтааст, беш аз 50 дарсад бозори маҳсулоти ғизоии кишвар, аз ҷумла орду гандум, равғану шакар ва маҳсулоти шириву гӯшт, аз ҳисоби воридот таъмин мешавад. Ба гуфтаи хонум Раҳимова, бо ин вуҷуд ки имсол аз хориҷ беш аз 50 000 тонна шакар ворид шудааст, нархи як кило шакар, ки аз Русияву Эрон ва Беларусу ҳатто Бразилия ворид карда мешавад, алакай 27 дарсад афзуда, ба 4 сомониву 43 дирам расидааст. Ахиран нархи маводи сӯхт низ дар Тоҷикистон ба ҳадди аз 30 то 40 дарсад боло рафт.
XS
SM
MD
LG