Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойгоҳи 136-уми Тоҷикистон дар ҷадвали "хушбахтӣ"


Маҷаллаи маъруфи амрикоии “Форбс” рейтинги хушбахттарин кишварҳои дунёро нашр кардааст. Мақоми аввалро дар ин раддабандӣ Дания ва ҷойҳои баъдиро се кишвари Скандинавия ва Ҳолланд ба худ ихтисос додаанд.
Ҷазоири Комор, Бурундӣ ва Того дар байни 155 кишвар ба истилоҳ “бадбахттарин” дониста шудаанд. Тоҷикистон дар ин ҷадвал аз нигоҳи хушбахтӣ дар мақоми 136-ум ҷой гирифтааст.
Маҷаллаи “Форбс” аз байни кишварҳои шӯравии собиқ Туркманистонро “хушбахттарин” дарёфта, дар мақомии 19-уми раддабандиаш ҷой кардааст.
XS
SM
MD
LG