Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил шартҳои Фаластинро "ғайри қобили қабул" хонд


Як мақоми исроилӣ имрӯз гуфт, Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин барои музокироти мустақим шарту шароити "ғайриимкон"-ро пеш гузоштааст. Силван Шалом-муовини нахуствазири Исроил аз ин шартҳо ном бурд ва гуфт, бозгашт ба марзҳои соли 1967 ва қатъи бунёди маҳаллоти яҳудинишин аз ҷумлаи чунин шартҳо будааст. Музокироти мустақими ҷонибҳо соли 2008 қатъ шуда буд. Ин изҳороти Силван Шалом дар ҳоле садо медиҳад, ки қарор аст рӯзи панҷшанбе вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ дар Қоҳираи Миср бо ҳам мулоқот кунанд ва тасмим бигиранд, ки оё Фаластин ба музокироти мустақим бо Исоил биравад ё хайр.
XS
SM
MD
LG