Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон сандуқи вижаи сармоягузориҳои ҳастаӣ ташкил кард


Али Акбар Солеҳӣ-раиси барномаҳои ҳастаии Эрон гуфт, Теҳрон барои анҷоми таҳқиқоти "ҷиддӣ" дар заминаи гудозиши маводи ҳастаӣ як сандуқи 8-миллион долларӣ ташкил кардааст. Вай афзуд барои анҷоми ин таҳқиқот 50 нафар ба кор сафарбар шудаанд. Вай ҳамчунин пешгӯӣ кард, ки "раванди тиҷоратӣ шудани ин кор 20-30 солро дар бар мегирад". Гудозиши ҳаста ё атом равандест, ки аз он ниру тавлид мешавад. Чунин раванд метавонад барои ду кор истифода шавад, яке сарчашмаи тавлиди ниру, ки метавонад ба фурӯш гузошта шавад ва дигарӣ барои тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ.
XS
SM
MD
LG