Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

71 қурбонии дигари идомаи гармои қаттол дар Русия


Мақомоти изтирории Русия мегӯянд, тайи ҳамагӣ як рӯз дар ин кишвар 71 нафар ғарқ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки гармои тӯлкашида мардуми зиёдеро дар Русия маҷбур мекунад, барои наҷот аз гармӣ худро ба кӯлу дарёҳо бизананд. Вероника Смолская, сухангӯи вазорати ҳолоти изтирории Русия аммо гуфт, ҳалокати 71 нафар дар як шабонарӯз имсол собиқа надошт.
Имсол дар Русия дар маҷмӯъ наздики 2500 нафар ғарқ шудаанд. 50 дарсади онҳо танҳо дар моҳи июн, дар моҳи аввали мавсими оббозӣ ба коми об рафтаанд.
XS
SM
MD
LG