Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи ду тарафдори мухолифони Арманистон


Додгоҳи Арманистон муҳокимаи ду нафарро шурӯъ кардааст, ки дар ҷараёни тазоҳуроти мухолифин дар моҳи май боздошт шуданд. Давид Кирамиҷиён ва Саргис Геворгиянро ҳамроҳ бо 13 нафар ҳангоми тазоҳуроти тарафдорони ҳизби Шӯрои Миллии Арманистон боздошт карданд, ки ин тазоҳурот ба бархӯрд бо маъмурони пулис печид. Яке аз онҳо ба беҳурматӣ нисбат ба пулис ва дуввумӣ ба “авбошӣ” муттаҳам мешаванд. Мухолифини Арманистон мегӯянд, муҳокимаи тарафдоронашон ангезаҳои сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG