Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С. Шарипов: Узбакистон бояд сиёсати худро бознигарӣ кунад


Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон Суҳроб Шарипов мегӯяд, Узбакистон бояд муносиботи худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Вай дар ин бора имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе изҳори назар кардааст.
Суҳроб Шарипов гуфтааст, пас аз ҳаводиси Қирғизистон доираҳои сиёсии Узбакистон бояд ҷиддӣ сари вазъи минтақа андеша кунанд ва бархурд ба ҳамсоякишварҳоро тағйир бидиҳанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Авесто», раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон сиёсати Узбакистонро яке аз омилҳои сар задани нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон унвон кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси Қирғизистон собит кард, ки дар Осиёи Марказӣ ягон кишвар пешво нест ва ҳарфи аввалро дар ин минтақа абарқудратҳо мегӯянд.
Ҷаноби Шарипов таъкид кардааст, ки мушкили аслии равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон эҷоди монеаҳо барои транзити қаторҳо тавассути қаламрави Узбакистон боқӣ мемонад. Ва дар пайи ин мушкил Тоҷикистон талош дорад роҳҳои алтернативии автомобилгард ва роҳи оҳанро ифтитоҳ кунад, ки боиси «нороҳатии иддае аз абарқудратҳо» шудааст.
Суҳроб Шарипов аз кишварҳои минтақа даъват кардааст, ки барои таъмини суботу амният дар минтақа як созмони муштараки ҷилавгирӣ аз нооромиҳо таъсис дода шавад.
XS
SM
MD
LG