Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нозирони оташбас бо ҳузури Куриёи Шимолӣ


Куриёи Шимолӣ ва гурӯҳи афсарони Созмони Милал бар раҳбарии Иёлоти Муттаҳида, ки оташбаси тарафҳои ҷанги Куриёро назорат мекунанд, рӯзи сешанбе бо ҳузури намояндагони Куриёи Шимолӣ, масъалаи ғарқ кардани киштии Куриёи Ҷанубиро баррасӣ мекунанд. Гурӯҳи афсарони Созмони Милал гуфт, мулоқот дар рустои Панмунҷом, ки дар марзи ҳарду Корея, воқеъ аст, соати 6 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Гурӯҳи байналмилалии муфаттишон, Куриёи Шимолиро масъули ғарқ кардани киштии ҷангии Куриёи Ҷанубӣ донист, ки бар асари он 46 маллоҳ ҳалок шуд. Куриёи Шимолӣ ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG