Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати фармондеҳи аршади "Толибон" дар Мироншоҳ


Мақомоти Покистон дар бораи кушта шудани як фармондеҳи мавриди ҷустуҷӯи ҷунбиши “Толибон” дар як даргирӣ бо сарбозони артиш дар минтақаи Вазиристони шимолӣ хабар доданд. Дар изҳороти вазорати дифоъ омадааст, ки Амируллоҳ Меҳсуд, яке аз фармондеҳони аршади “Толибон”, дар як задухӯрд дар канори постгоҳе дар шаҳри Мироншоҳ, маркази Вазиристони шимолӣ, ба ҳалокат расид.
Имрӯз Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон, аз аҳзоби сиёсӣ ва раҳбарони мазҳабии кишвар даъват кард, ки ба ҳукумат дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротгаро кумак намоянд. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо мансабдорони ҳукуматӣ ва маҳаллӣ, Гелонӣ хостори баргузории конфаронси миллӣ оид ба таҳияи стратегияи умумии мубориза бо террор шуд. Охири ҳафтаи гузашта раҳбари мухолифин Навоз Шариф аз ҳукумати Покистон талаб карда буд, ки ба хотири таъмини суботу амният дар кишвар бо сарони ҷунбиши “Толибон” музокирот анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG