Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба раққосони исроилӣ дар Ҳановер


Полиси Олмон сабабҳои ҳамла ба гурӯҳи раққосон аз Исроилро тафтиш мекунад. Ҳангоми ҳунарнамоии раққосони исроилӣ дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Ҳановер гурӯҳи ҷавонон сӯи онҳо санг андохтанд. Яке аз раққосон маҷрӯҳ шуд ва онҳо ҳунарнамоиро қатъ карданд.
Ба иттилоъи полис, ин ҳодиса дар маҳаллаи Салкамп рӯх додааст, ки бештари сокинонаш муҳоҷиронанд. Миёни ҳамлагарон чанд ҷавони мусалмон ҳам буданд. Полис алҳол ду нафарро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG