Пайвандҳои дастрасӣ

Музди маошу нафақа 20 дарсад афзоиш меёбад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон музди ҳадди ақали меҳнат ва нафақапулиро 25 дарсад боло бурдааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ, сар аз 1-уми июли соли ҷорӣ ҳадди аққали музди меҳнат ва нафақаи бознишастагон дар Тоҷикистон 80 сомонӣ, муодили 18 долларро ташкил хоҳад кард. Бо ин мақсад аз буҷаи кишвар 10 миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Қаблан мизони ҳадди аққали маошу нафақа 60 сомонӣ буд. Ҳадафи боло бурдани музди меҳнат ва нафақапулӣ беҳсозии вазъи иҷтимоии аҳолӣ унвон шудааст.
XS
SM
MD
LG