Пайвандҳои дастрасӣ

Шумори мӯътодон дар Афғонистон 75% афзудааст


Бино бар гузориши нави Созмони Милал, ки имрӯз ба нашр расид, шумораи гирифторони маводи мухаддир дар Афғонистон дар панҷ соли гузашта 75 дарсад афзуда, ба 1 миллион нафар расидааст. Ин дар ҳолест, ки Афғонистон ба бузургтарин содиркунандаи чунин мавод табдил ёфтааст. Нерӯҳои таҳти раҳбарии НАТО фақат ахиран гуфтанд, ки мубориза бо кишту парвариши афюн ва қочоқи маводи мухаддир тақвият хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG