Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон реактори нав ва "қавитар" месозад


Алӣ Акбар Солеҳӣ, мудири Оҷонси энержии атомии Эрон эълом кард, кишвараш дар ҳоли бунёди як реактори нави атомӣ барои тавлиди радио изотопҳо мебошад, ки ин реактор назар ба реакторҳои мавҷудаи Эрон "бисёр қавитар" будааст. Вебсайти телевизиони давлатии Эрон аз қавли Алӣ Акбар Солеҳӣ навиштааст, реактори нав ба зудӣ омода хоҳад шуд ва ҳадаф аз ин тавлид ва фурӯши радиоизотопҳо ба кишварҳои исломӣ ва минтақа хоҳад буд. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳӣ атомӣ бисозад, иддаъое, ки давлати Эрон рад кардааст.
XS
SM
MD
LG