Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словения дар Ҷоми ҷаҳонӣ бар Алҷазоир пирӯз шуд


Бозии байни тимҳои Алҷазоиру Словения дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои ҷанубӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи Словения анҷом ёфт. Тӯби ягонаро дар ин рақобат Корен дар дақиқаи 79-ум бо истифода аз иштибоҳи дарвозабони Алҷазоир Фавзӣ Шошӣ зад. Бозии дигар дар ин гурӯҳ рӯзи шанбе байни Амрикову Инглистон бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 ба поён расид ва Словения ба ин тартиб дар гурӯҳи С пешсаф шуд. Имрӯз ҳамчунин ҳарду бозии даври аввал дар гурӯҳи Д доир мешавад. Олмон бо Австралия ва Сербия бо Ғана вориди рақобат хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG