Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба Чин сафар кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, як рӯз баъд аз тасвиби таҳримҳои нав алайҳи кишвараш аз сӯи Шӯрои амнияти СММ вориди Чин шуд. Чин аз дӯстон ва ҳампаймонҳои тиҷоратии Эрон аст ва талош кард, ки қатъномаи Шӯрои амният бо таҳримҳои нав алайҳи Эрон ҳарчӣ дертар тасвиб шавад. Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар шаҳри Душанбе қатъномаи Шӯрои амниятро як қоғази беарзиш номид ва гуфт, ки Эрон онро қабул нахоҳад дошт.
Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои Амнияти СММ чаҳорумин қатъномаи таҳримҳо алайҳи Эронро тасвиб кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ҳадафи аслии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон - дастёбӣ ба силоҳи атомист, аммо Эрон ин иддаоро рад мекунад. Панҷ узви доимии Шӯрои Амният – ИМА, Русия, Чин, Фаронса ва Бритониё ҳамроҳ бо 12 узви давраӣ аз таҳримҳои нав алайҳи Эрон пуштибонӣ карданд. Лубнон раъйи бетараф дод ва Туркияву Бразилия ба қатънома мухолифат карданд.
XS
SM
MD
LG