Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният ба қатънома алайҳи Эрон раъй медиҳад


Чаҳорумин қатъномаи таҳримотӣ алайҳи Эрон имрӯз дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба раъйгирӣ гузошта мешавад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико таҳримоти тозаро таҳримоти сахте хондааст, ки Эрон ба он рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико гуфт, як банди қатънома иҷоза медиҳад, то кишварҳои алоҳида, иқдомоти сахтгиронае алайҳи Эрон биандешанд:"Дар инҷо муҳим, таркиби дипломатия ва фишор ба Эрон аст, ки дар заминаи амнияти хеш ба самти нодуруст ҳаракат карда ва бо талош барои сохти силоҳи атомӣ амнияти худро на тақвият балки заъиф мекунад." Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон, гуфт, агар ин қатънома қабул шавад, кишвараш ҳамагуна музокирот доир ба барномаҳои баҳсбарангези атомиашро рад хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG