Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Андрей Вознесенский


Андрей Вознесенский, яке аз маъруфтарин ва ҷасуртарин шоирони даврони шӯравӣ бар асари бемории тӯлонӣ дар синни 77 аз дунё гузашт. Вознесенский аз хушномтарин намояндагони насли озодандеши мавсум ба “фарзандони солҳои 60” буд, ки як муддати кӯтоҳи баъд аз даргузашти диктатори шӯравӣ Иосиф Сталин таъми озодиро чашиданд. Шеърҳои навгӯёнаи Вознесенский мухлисони каломро ба ваҷд меовард, вале мояи хашми мақомот ва адибони муҳофизакори шӯравӣ мешуд. Раҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ Никита Хрушёв як дафъа дар мазҳари омм ба Андрей Вознесенский таҳдид карда буд, ки ӯро аз кишвар хоҳад ронд. Дар баробари Евгений Евтушенко Андрей Вознесенский низ аз хайли он шоирони маҳбуб буд, ки шеърхониаш дар аҳди Шӯравӣ ҳатто варзишгоҳҳои бузургро лабрези мухлисони калом мекард.
XS
SM
MD
LG