Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин озмуни саҳмияҳои Роғун натиҷа надод


Озмуни вазорати молияи Тоҷикистон ба манзури дар суратҳисобҳои бонкҳои ин кишвар бо фоизи баландтар ҷой додани маболиғи аз фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун бадастомада бидуни натиҷа анҷом шудааст. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли мақомоти вазорати молия навишт, ки барои ҷой додани ин маболиғ ҳамагӣ 3 бонк- “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва бонки “Эсхата” дархост додаанд, вале азбаскӣ фоизи миёнаи пешниҳодкардаи бонкҳо ҳамагӣ 0,6 дарсад буд, дархости ҳарсе бонк радд шудааст. Тайи қариб 4 моҳи гузашта аз 6 январ аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун наздики 187 миллион доллар ҷамъ шудааст.
XS
SM
MD
LG