Пайвандҳои дастрасӣ

Османов ва Шеърдӯст узви Академияи улуми Тоҷикистон шуданд


Ховаршиноси доғистонии Русия Муҳаммаднурӣ Османов ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ба аъзои хориҷии Академияи улуми Тоҷикистон табдил ёфтанд. Дар ҷаласаи пазириши онҳо ба ҳайси академикҳои нави Тоҷикистон гуфта шуд, Османов дар таҳқиқи осори Фирдавсӣ ва Румӣ ва таҳкими равобити Тоҷикистон бо Русия ва Шеърдӯст дар таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистон бо Эрон нақши муҳим бозидаанд. Узвияти онҳоро дар Академияи улуми Тоҷикистон раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG