Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешбинии хушбинона дар мавриди рафъи бӯҳрони ҷаҳонӣ


Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ, мақараш дар Порис, гуфт, ҷаҳон аз ҳоли пасрафти саросарии иқтисодӣ босароҳат берун меояд, вале қарзи кишварҳои минтақаи евро як таҳдид ба эҳёи комили иқтисоди ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Арзёбии нимсолаи ин созмон пешбиниаш нисбат ба мизони рушди иқтисоди ҷаҳониро то ба ҳадди 4,75 фоиз боло бурд. Ин дар муқоиса бо қариб 1 дарсад коҳиши иқтисоди дунё дар соли гузашта пешрафти қобили мулоҳизаест. Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ дар арзёбии қаблиаш дар моҳи ноябр мизони рушди иқтисоди ҷаҳон дар соли равонро 3,4 дарсад рақам зада буд.
Ин созмон мегӯяд, аломатҳои эҳёи иқтисод асосан аз ҳисоби иқтисодҳои дар ҳоли рушди Осиё ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG