Пайвандҳои дастрасӣ

Нархи бензин дар Душанбе дубора 4 сомонӣ шуд


Нархи бензин дар сӯхтфурӯшиҳои пойтахти Тоҷикистон имрӯз дубора боло рафта, боз ба 4 сомонӣ расид. То рӯзи ҷумъа нархи як литр бензини навъи АИ-95 дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе 3 сомониву 40 дирам буд, вале рӯзи 21 май аз марзи 4 сомонӣ гузашт. Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат ба "Азия Плюс"гуфтаанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз афзоиши бедалели нархи маводи сӯхт як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис ёфтааст, ки тавонист дар поёни ҳафта ба пойин рафтани нархи бензин мусоидат кунад.
Давлати Русия аз 1 май барои содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон ба маблағи 203,7 доллар барои ҳар тонна хироҷи гумрукӣ ҷорӣ кардааст. То кунун Тоҷикистон маводи сӯхтро аз Русия бидуни пардохти боҷу хироҷ ворид мекард.
XS
SM
MD
LG