Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони Шонгҳой дар Тошканд


Рӯзи шанбе вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой дар ҳамоиши худ Тошканд эъломияе ба нашр расонданд. Дар ин эъломия онҳо хостори густариши ҳамкориҳо барои мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ шудаанд. Владимир Норов-вазири хориҷаи Ӯзбакистон ҳамчунин гуфт, вазирон пешнависи тартиби пазируфтани аъзои нави созмонро ба тасвиб расондаанд. Пешнависи ин асоснома заминаи афзоиши аъзои ин созмонро фароҳам меорад. Дар он гуфта шудааст, ҳар кишвар, ки муқаррароти узвиятро эътироф мекунад, метавонад ба узвияти ин созмон дарояд. Ҳамоиши кунунии Тошканд навъе омодагӣ ба мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба шумор меравад. Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ин созмон узвият доранд. Аз ҷониби Қирғизистон дар ин ҳамоиш Тулӯндӯ Макеев-муовини вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон ширкат кард. Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки раҳбарони ҳайатҳои ширкаткунанда дар ин ҳамоиш ҳамбастагии худро бо вазъи кунунии Қирғизистон иброз доштаанд. Онҳо гуфтаанд, амнияту субот дар қаламрави ин созмон ба ҳар як аз кишварҳои узв иртибот дорад, аз ҷумла ба амнияти Қирғизистон. Кишварҳои узви созмон хостори истиқлол ва тамомияти арзии Қирғизистон шудаанд ва гуфтаанд, ки омодаанд ба ин кишвар кӯмак кунанд. Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой вазъ дар Афғонистонро низ ба баррасӣ гирифтаанд ва аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ин ҳамоиш таъкид кардаанд, ки оромиву субот дар минтақа ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ кӯмак мекунад ва заминаи мусоидро барои рушди тиҷорату сармоягузорӣ фароҳм месозад. Бино ба иттилои хабаргузориҳо, Муратбек Иманалиев дар мақоми Дабири Кулли СҲШ ба иҷрои вазифаи худ шуруъ кардааст.
XS
SM
MD
LG