Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин боздиди вазирони нав аз Афғонистон


Виллям Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи нави Британия ва ду вазири дигари кобинаи нави ин кишвар имрӯз барои як бозид вориди Афғонистон шуданд. Ҳейг ва Лиам Фокс-вазири дифоъ бо Эндрю Митчел-вазири умури байналмиллалӣ дар ҷараёни ин боздид бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон ва соири мақомоти расмии ин кишвар мулоқот мекунанд. Дар ҷараёни парвоз ба Афғонистон вазирони кобинаи нави Британия гуфтанд, ки сиёсати кишварашон дар қиболи Афғонистон чандон тағир нахоҳад кард. Аммо Лиам Фокс-вазири дифои Британия ба рӯзномаи "Таймс" гуфтааст, вай мехоҳад, ки нируҳои кишвараш ҳарчӣ зудтар аз Афғонистон ба Британия баргарданд. Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 9 000 нируи Британия мустақаранд ва Фокс мегӯяд, ки он ҳадди ахирист.
XS
SM
MD
LG