Пайвандҳои дастрасӣ

Хушнудии Собирӣ аз раҳоии Рейсс


Хабарнигори эрониасли амрикоӣ Роксана Собирӣ, ки панҷ моҳро дар маҳбаси Евини Теҳрон сипарӣ карда буд, аз раҳоии омӯзгори фаронсавӣ Клотилда Рейсс аз зиндон изҳори хушнудӣ кард. Хонум Рейсс чун Роксана Собирӣ аз сӯи мақомоти Эрон дар ҷосусӣ айбдор мешуд ва ба пардохти 285 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима маҳкум гашт. Омӯзгори фаронсавӣ, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии Эрон боздошт шуда буд, рӯзи 16 май маҳбасро тарк намуд ва ба ватанаш баргашт. Роксана Собирӣ ба Радиои Фардо гуфт, ки ӯ аз вазъи Клотилда Рейсс сахт нигарон буд. Китоби Роксана Собирӣ бо номи “Миёни ду олам”, ки дар бораи сохтори адлияи Эрон ва рӯзҳои дар зиндони Евин сипарикардааш қисса мекунад, чанде пеш интишор ёфт.
XS
SM
MD
LG