Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қатънома ба Шӯрои амнияти СММ ироа шуд


Тарҳи қатънома оид ба таҳримҳои нав алайҳи Эрон ба Шӯрои амнияти СММ ироа шуд. Ин тарҳ аз сӯи панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амният ба иловаи Олмон ҳамоҳанг шудааст. Қатъномаи нав, аз ҷумла, ташдиди таҳримҳо алайҳи бархе аз сохторҳои молиявӣ ва муассисаҳои эронӣ ва ҳамчунин тафтиши байнулмилалии киштиҳоеро, ки молу маводи марбут ба барномаи ҳастаии Эронро мебаранд, дар назар дорад.
Тарҳи қатънома ба Шӯрои амнияти СММ як рӯз баъд аз он пешниҳод гардид, ки Эрон барои табодули сӯхти ҳастаияш дар қаламрави Туркия розӣ шуд. Кишварҳои ғарбӣ ба ин созиш бо шубҳа менигаранд ва изҳор медоранд, ки он барои исботи аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон кофӣ нест. Эрон дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мешавад.
XS
SM
MD
LG