Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо роҳҳои наҷот аз суқути эҳтимолии евроро меҷӯяд


Олмон аз ҳама кишварҳои "минтақаи евро" даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар ва ба таври ҷиддӣ касри буҷаи худро коҳиш диҳанд. Вазири молияи Олмон Вофганг Шойбле зимни суханронӣ дар нишасти вазирони молияи кишварҳои "минтақаи евро" ин чораро “ҳатмӣ ва оҷил” номид. Вазирон дар шаҳри Брюссел чораҳои зиддибӯҳронии пешниҳоднамудаи Комиссиюни Аврупоро баҳсу баррасӣ мекунанд. Онҳо хостори ҳамоҳанг сохтани нишондодҳои буҷавии кишварҳои минтақаи евро қабл аз қабули тарҳи буҷа аз сӯи парлумонҳои ин мамолик шудаанд.
Қурби евро, ки пули ягонаи 16 кишвари аврупоист, баъд аз бӯҳрони молиявӣ дар Юнон, бори аввал дар чанд соли ахир ба таври бесобиқа поин рафт.
XS
SM
MD
LG