Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯшиши сӯзондани хонаи муаллифи танзҳо бар паёмбари ислом


Полиси Шведсия мегӯяд, ду нафарро дар робита бо кӯшиши сӯзондани хонаи Ларс Вилкс, муаллифи тасвирҳои танзомези паёмбари ислом, боздошт кардааст. Яке аз боздоштшудагон аз аҳли Косово буда, 21 сол дорад ва дувумӣ 19-сола аст. Ҳарду бо иттиҳоми оташ задани манзили Вилкс дар шоми 14-уми май боздошт шудаанд. Вилкс дар он пайт дар хонааш набудааст ва мегӯяд, баъд ин ҳамлаву як ҳамлаи дигар ҳангоми мулоқот дар яке аз шаҳрҳои марказии Шведсия тасмим гирифтааст, ки дар ҷои дигар зиндагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG