Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар задухӯрди Ҷалолобод як кас кушта шудааст


Мақомоти беҳдоштии Қирғизистон гуфтанд, ки имрӯз бар асари задухӯрди ҷонибдорон ва мухолифини ҳукумати муваққат дар шаҳри Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби кишвар, як нафар кушта шудааст. 37 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, субҳи имрӯз тақрибан 300 тан аз ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев бинои ҳукумати вилояти Ҷалолободро ишғол карданд. Дар канори бино миёни онҳо ва ҷонибдорони ҳукумати муваққат задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.
Дар Ӯш, дигар шаҳри ҷануби Қирғизистон, намоишгарон бинои қаблан ишғолкардаи ҳукумати вилоятро тарк намуданд. Додситонии Қирғизистон дар бораи боздошти созмондиҳандагони намоишҳои пуштибонӣ аз Қурмонбек Боқиев, ки дирӯз баргузор гардид, амр содир кард. Ба иттилоъи хабаргузории “Интерфакс”, аллакай Усен Сиддиқов, раҳбари ҳизби “Қирғизистони нав” боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG