Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи амалиёти НАТО дар Нангарҳор


Сокинони садҳо деҳаҳои вилояти Нангарҳор, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ба нишони эътироз алайҳи амалиёти нерӯҳои НАТО, ки бар асари он, ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ, 11 фарди осоишта кушта шудаанд, ба хиёбонҳо рехта, роҳҳои минтақаро бастанд. Ҳайати фармондеҳии НАТО баргузории амалиёти муштараки нерӯҳои афғон ва байнулмилалӣ дар ин минтақаро тайид кард ва аммо хабар дод, ки дар ин амалиёт ҳашт ошӯбгар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилоъи хабаргузории Рейтер, дар минтақаи Сурхрод кормандони полиси афғон сӯи тазоҳургароне оташ кушоданд, ки ба бинои ҳукумати маҳаллӣ санг андохтанд. Ҳоҷӣ Ҷамол, раиси шӯрои маҳаллӣ, иттилоъ дод, ки дар ин ҳодиса як тан аз эътирозгарон кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG