Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи ду бемори полиои марбут ба Тоҷикистон дар Русия


Мақомоти Русия мегӯянд, бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдак аз Тоҷикистон ба Русия интиқол ёфтааст. Сарпизишки беҳдории Русия Геннадий Онишенко ба хабарнигорон гуфт, дар ду кӯдаке, ки аз Тоҷикистон ба Русия оварда шудаанд, нишонаҳои полиомелит кашф гашт ва ҳарду феълан дар бемористон ба сар бурда, ҳолашон рӯ ба беҳбудист. Бо дастури ҳукумати Русия дар шаҳру вилояти ин кишвар моякӯбии кӯдаконе сар шуд, ки аз Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд.
XS
SM
MD
LG