Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Бишкек ду тазоҳуроти сулҳомез баргузор шуд


Дирӯз дар майдони марказии шаҳри Бишкек тақрибан 2 000 нафар гирдиҳам омаданд ва тақозо карданд, ки Қурмонбек Боқиев ба додгоҳ кашонда шавад. Фарид Ниёзов-як мақоми расмии ҳукумати муваққатӣ ба радиои Озодӣ гуфт, гирдиҳамоӣ сулҳомез будааст. Дар назди бинои шаҳрдории Бишкек низ тазоҳуроти дигар ба ҷонибдорӣ аз шаҳрдори пешин Нариман Тулеев баргузор шуд. Онҳо мегуфтанд, ки шаҳрдор барои иртиботаш бо Боқиев ғайриодилона аз мақом барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG