Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнвораи имсолаи Канн ифтитоҳ шуд


Ҷашнвораи 63-юми Канн, аз мӯътабартарин сабқатҳои синамои дунё, имрӯз дар ҷануби Фаронса ифтитоҳ шуд.
Ҷашнвораи имсоларо филми нави коргардони бритониёитабор Ридлӣ Скот, ки бар пояи достони Робин Ҳуд сохта шудааст, боз кард. Нақши ин қаҳрамони қиссаҳои мардуми инглисро, ки пули аз мардуми сарватманд бағоратбурдаашро миёни афроди нодор тақсим мекард, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд Рассел Кроу бозӣ кардааст.
Дар маҷмӯъ барои дарёфти “Нахли тилоӣ”, ҷоизаи аввали ҷашнвораи Канн 19 филм аз 15 кишвари дунё сабқат мекунанд.
Дар баробари филми “Робин Ҳуд” як довталаби умдаи дигари “Нахли тилоӣ” филми нави коргардони маъруфи амрикоӣ Оливер Стоун бо номи “Уолл Стрит: Пул ҳеҷ гоҳ хоб намеравад” аст. Ин филм сиквели филми “Уолл Стрит” аст, ки баднафсии ширкатҳои бузурги молиро ба риштаи тасвир дароварда, дар соли 1987 ҷоизаҳои фаровоне ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG