Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осоишгоҳҳои Иссиқкӯл моли шахсии наздикони Боқиев будаанд


Кафили додситони кулли Қирғизистон, Бойтемур Иброев мегӯяд, бисёре аз осоишгоҳҳои соҳили Иссиқкӯл, ки дар замони ҳокимияти президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев хусуcӣ шудаанд, мавриди бознигарӣ қарор меёбанд. Вай афзуд, аксари осоишгоҳу санаторияҳо ба моликияти шахсии хешутабори Боқиев табдил ёфтаанд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро аз мақоми президенти собиқ ва дахлнопазирӣ маҳрум карда, аз ҳукумати Беларус истирдоди ӯро хостааст. Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко ин талабро рад кард ва гуфт, Боқиев президенти Қирғизистон ва меҳмони кишвари ӯст.
XS
SM
MD
LG