Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии НАТО аз ошкор шудани махфигоҳи силоҳ


Паймони НАТО аз ошкор шудани махфигоҳи бузурги силоҳ дар марзи миёни Косово ва Македония изҳори нигаронӣ кард. Генерали амрикоӣ Марк Фитсҷералд, яке аз афсарони воломақоми НАТО, изҳор намуд, ки ин гуна амалҳо боиси ноором шудани авзоъ дар минтақа мегардад. Ҳафтаи гузашта мақомоти Македония дар бораи ошкор шудани анбори ғайриқонунии силоҳ бо таҷҳизоти мушакӣ, тупхонаву миномётҳо ва беш аз 80 кило маводи мунфаҷира хабар доданд. Дар Косово бошад иттилоъ дода шуд, ки бо гумони даст доштан дар тиҷорати ғайриқонунии силоҳ ҳафт нафар боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG