Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ҷӯёи равобити хубтар бо Амрикост


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай талош дорад, тайи боздиди ҳафтаи ояндааш аз Вошингтон равобити давлати худ бо Амрикоро беҳтар кунад. Ваҳид Умар, сухангӯи Карзай гуфт, ин сафар роҳро ба сӯи беҳбуди равобити Афғонистону Амрико боз хоҳад кард. Дар ин авохир Карзай сиёсатҳои Амрико дар қиболи Афғонистонро ба боди интиқоди шадид мекашид.
Мулоқоти ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама барои рӯзи 12 май барномарезӣ шудааст. Тақрибан 70 дарсад аз 130 000 сарбози хориҷӣ дар Афғонистонро нирӯҳои Амрико ташкил медиҳад ва Барак Обама ба хотири пешрафт дар ин ҷанги нӯҳсола ҷиҳати ирсоли нирӯи бештар ба он кишвар амр додааст.
XS
SM
MD
LG