Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Эрон ба машқи нави низомӣ дар халиҷ


Як фармондеҳи аршади эронӣ гуфтааст, ки нирӯҳои баҳрии Эрон рӯзи чоршанбе машқҳои ҳаштрӯзаи низомӣ дар халиҷи Форс ва баҳри Уммонро шурӯъ мекунанд. Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Эрон гуфт, машқҳои ҷадид тавонмандиҳои дифоъии нирӯҳои баҳрии ин кишварро ба намоиш хоҳанд гузошт.
Ин машқҳо ҳамагӣ 2 ҳафта баъд аз тамринҳои чоррӯзаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар ин ду минтақа ва ҳам дар гулӯгоҳи аз нигоҳи стротегӣ хеле муҳими Ҳурмуз баргузор мешаванд. Ин гулӯгоҳ як масири умдаи ҳамлу нақли нафти халиҷ маҳсуб мешавад. Нирӯҳои Эрон ҳар сари чанд вақт чунин машқҳо барпо карда, аксаран дар ҷараёни чунин тамринҳо мушакҳои сохти худи Эронро озмоиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG