Пайвандҳои дастрасӣ

Дастнорас шудани ду сомона дар Қазоқистон


Сомонаҳои интернетии ду нашрияи мухолифин дар Қазоқистон дастнорас шудаанд. Сардабири нашрияи мустақили “Республика” Анастасия Новикова ва сардабири “Голос Республики” Татяна Трубачёва гуфтаанд, ки ба сомонаҳои онҳо танҳо тавассути серверҳои дигар метавон ворид шуд.
Онҳо масдуд шудани дастрасӣ ба ин ду сомонаро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ мехонанд ва ангушти иттиҳом ба сӯи ширкати давлатии “Қазтелеком” баланд кардаанд, ки ин ду сомонаи мухолифи давлатро ҳадафмандона бастааст.
XS
SM
MD
LG