Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Сиддиқӣ ба амалиёти нирӯҳои Амрико


Сафия Сиддиқӣ, вакили маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон гуфт, ки нирӯҳои Амрико ба рустои ӯ дар вилояти шарқии Нангарҳор ҳамла оварда, яке аз хешовандони ӯро куштаанд. Ба гуфтаи хонум Сиддиқӣ, ҳудуди 100 сарбози амрикоӣ ба манзили ӯ ҳамла бурда, даступои аҳли хонаводаашро барои чанд соат бастанд ва як хешованди ӯро куштанд. Сиддиқӣ, ки худ дар он соат дар манзил набудааст, ин амалиётро “ амали ваҳшиёна” номид.
Нирӯҳои байналмилалии таҳти фармони НАТО мегӯянд, ки онҳо ҳамроҳ бо нирӯҳои афғонӣ зимни амалиёти таъқиби як дастёри Толибон ба ин манзил ворид шуда, як нафари мусаллаҳро, ки аз пойин кардани силоҳаш сар кашид, ба ҳалокат расонданд. Дирӯз даҳҳо сокини маҳаллӣ дар Нангарҳор бо шиорҳои зиддиамрикоӣ ба эътироз баромаданд.
XS
SM
MD
LG